Дафтар

Дафтари қарз - акнун дар телефон

Дафтари рақамии муосир барои мағозаҳои хурд ва миёна. Ҳисоби шаффоф, боварии дутарафа.

Ҳама чиз мисли дафтар -
танҳо беҳтар

Мизоҷ қарзашро онлайн пардохт мекунад

Мағоза ба мизоҷ SMS равон мекунад ва мизоҷ қарзашро бо ҳар гуна ҳамёни мобилии худ онлайн пардохт мекунад. Ба дӯкон омадан лозим нест.

  1. SMS Мағоза ба мизоҷ SMS бо маблағи қарз равон мекунад
  2. Пардохт Мизоҷ бо ҳамёни мобилии дилхоҳаш пардохт мекунад
  3. Тамом Қарз дар Дафтар худаш кам мешавад

Дафтар ройгон аст.
Танҳо SMS пулакӣ.

Барнома

0 сомонӣ

Қисми асосии барнома - сабти қарзҳо ва ҳисобот - ройгон аст.

Миқдори SMSНарх
50 SMS6,00 сомонӣ
100 SMS12,00 сомонӣ
300 SMS36,00 сомонӣ
600 SMS72,00 сомонӣ

Ҷавоби саволҳо инҷост

Он чизе, ки дӯкондорон аз мо бисёр мепурсанд.

Оё истифодаи барнома пулакӣ аст?

Не, қисми асосии барнома (сабти қарзҳо ва ҳисобот) ройгон аст.

Агар барномаро тоза кунам, қарзҳо гум мешаванд?

Не. Ҳамаи маълумоти шумо дар сервери ҳимояшуда нигоҳ дошта мешавад. Танҳо бо рақами телефони худ ворид шавед, ҳамааш барқарор мешавад.

Оё мизоҷ мефаҳмад, ки ман ӯро дар «қарз» навиштам?

Не, то он даме, ки шумо тугмаи «Ирсоли SMS»-ро пахш накунед, мизоҷ ҳеҷ чизро намефаҳмад. Ин дафтари шахсии шумост.

Чаро ман SMS равон карда наметавонам?

Барои ирсоли SMS-огоҳинома мағоза бояд танҳо рақами ИНН-и худро ворид кунад. Ин барои пешгирии қаллобӣ зарур аст.

Оё метавонам дар ду телефон истифода барам?

Бале. Шумо метавонед як мағозаро ҳам дар телефони худ ва ҳам дар телефони фурӯшанда илова кунед. Ҳамкоратонро дар саҳифаи Ҳамкорон илова кунед - маълумот синхронизатсия мешавад. Ба ҳар ҳамкор ҳуқуқҳоро худатон медиҳед.

Чӣ тавр қарзро «пардохтшуда» кунам?

Ба саҳифаи қарздор дароед, тугмаи «Пул гирифтам»-ро зер кунед ва маблағи овардашударо нависед. Қарз автоматӣ кам мешавад.

Дафтари навро имрӯз кушоед